Сеяки шаҳрвандони Олмон ва Итолиё Қримро бахше аз Русия медонанд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкҚрим. Акс аз бойгонӣ
Қрим. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз 30 дарсади олмониҳо ва итолиёиҳо, 26 дарсади бритониёиҳо ва 20 дарсади фаронсавиҳо нимҷазираи Қримро бахше аз Русия медонанд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бисёре аз шаҳрвандони Олмон ва Итолиё Қримро бахше аз қаламрави Русия мешуморанд.

Бар пояи додаҳои назарсанҷие, ки дар чорчӯби тарҳи байналмилалии "Sputnik.Мнения" дар миёни шаҳрвандони Амрико, Бритониё, Итолиё, Олмон ва Фаронса баргузор шуд, бештар аз сеяки олмониҳо (36 дарсад) ва итолиёиҳо (34 дарсад) Қримро қаламрави Русия мешуморанд.

Аз шаҳрвандоне ки дар ин назарсанҷӣ ширкат карданд, камобеш чаҳоряки бритониёиҳо (26 дарсад) ва амрикоиҳо (23 дарсад) ва панҷяки фаронсавиҳо (20 дарсад) низ бо онҳо ҳамназар ҳастанд.

Ин назарсанҷиро ширкати "TNS Global" дар ҳамкорӣ бо бунгоҳҳои пажӯҳишии "Populus", "Ifop" и "forsa" барои хабаргузориву ва родюи "Sputnik" аз 16 то 22 феврали соли 2017 баргузор кард ва дар он 5138 шаҳрвандони Фаронса, Олмон, Бритониё, Итолиё ва ИМА ширкат карданд.

Донистаниҳо дар бораи тарҳи "Sputnik.Мнения"

Ин тарҳи назарсанҷии байналмиллалӣ моҳи январи соли 2015 роҳандозӣ шуд. Коргузорони ин тарҳ ширкатҳои пажӯҳишии Populus ва Ifop ҳастанд. Дар чорчӯби тарҳи Sputnik.Мнение. назарсанҷиҳое бо ҳадафи омӯзиши афкори умум дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои Урупо ва ИМА баргузор мешаванд.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва родюест бо бунгоҳҳои чандрасонаӣ ва иттилоъотӣ дар чандин кишвар. Шабакаи "Sputnik" вебгоҳҳое ба беш аз 30 забон, бунгоҳҳои родюи аналогӣ ва диҷитолӣ, нармафзорҳои мобилӣ ва саҳфаҳо дар шабакаҳои иҷтимоъиро дар бар мегирад. Хабарҳои Sputnik шабонарӯзӣ ба забонҳои инглисӣ, арабӣ ва испониёӣ ва чинӣ мунташир мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0