ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Имрӯз, панҷшанбе, раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Малайзия ба муносибати биступанҷумин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни ду кишвар ба якдигар паёми табрик фиристоданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ, ки хадамоти матбуоти раисҷумҳур онро мунташир кардааст, бо ишора ба натиҷаҳои мулоқот бо нахуствазири Малайзия дар ҳошияи Ҳамоиши ҷаҳонии исломии иқтисодӣ, хостори густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар дар оянда шудааст.
Вай таъкид карда ки Тоҷикистон омода аст барои пешбурди ин раванди самарабахш, муколамаи мунтазами сиёсии миёни ду кишварро аз ҷумла дар сатҳи олӣ бештар тақвият бахшад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои нахуствазири Малайзия "саломатии комил, саодату комёбиҳои нав ба нав" ва барои мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.
Наҷиб бин Тун Ҳоҷӣ Абдулраззоқ низ дар паёмаш "бо қаноатмандӣ" бар "ҳамкориҳои наздику созандаи ду кишвар, ки бар аҳдофи муштарак дар ростои таъмини сулҳу шукуфоӣ ва назари яксон ба масъалаҳои глобалӣ асос ёфтаанд", таъкид карда, хостори идомаи "муносибатҳои неки байни кишварҳо дар оянда" шудааст.
Вай ҳамчунин омодагии худро барои ҳамкории наздик бо раҳбар Тоҷикистон "ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобилан судманди мардумони ду кишвар" иброз доштааст.