ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Сардори пулиси яке аз шаҳрҳои Малайзия (Букит Сейлон) дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки амалиёти вижаи кормандони пулис натиҷа дод.
Дар пайи амалиёт даст дод, то зани гунаҳкор, ки дар гумроҳ кардани дигарон айбдор карда мешавад, дастгир гардида, 17 нафар шаҳрвандони Узбакистон аз ғуломӣ раҳо карда шаванд. Аммо дар бораи синну соли занон ва бо кадом роҳ ба Малайзия омаданашон корманди пулис дақиқ нагуфтааст, хабар медиҳад Bernama.
Дар баробари ин мақомоти пулиси Малайзия хабар медиҳад, ки вақтҳои охир шумораи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки на ҷои кор ва на ҷои зисти муайян доранд, зиёд шудааст.
Қаблан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Малайзия 400 нафар, ки ба ташкили ташкилотҳои ғайрирасмӣ ва қиморбозӣ айбдор мешаванд, дастгир гардиданд.
Ҳамчунин 250 нафар дар бастагӣ бо фаъолияти ғайриқонунӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.