ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тадқиқотчиёнро ҳукумати Амрико тариқи озмун интихоб мекунад. Эълон дар бораи баргузории озмун аллакай дар торномаи расмии давлатии ИМА пайдо шуд.
Порсол чунин тадқиқотҳо дар Украина ва Қазоқистон гузаронида шуданд.
Ба гуфти коршиноси Донишгоҳи тадқиқотии Русия Дмитрий Попов, Амрико мехоҳад, рӯҳияи эътирозиро дар кишвар омӯхта, ба вазъияти дохилӣ таъсири манфӣ расонад.
"Аз ҷониби дигар эҳтимол онҳо мехоҳанд, самти ёрии башардӯстонаро муайян кунанд. Вале талабот барои ширкатҳои пурсанда хеле ҷиддӣ аст. Натиҷаҳои тадқиқот бояд дар расонаҳо нашр шавад".