ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар озмуни "Miss Global Tourism 2017" ки бо ширкати намояндагоне аз 60 кишвари ҷаҳон дар Чин баргузор шуд, намояндаи Португалия зеботарин модел шинохта шуд ва Ёсуман сазовори ҷои дувум гардид.
Ёсуман дастпарвари бунгоҳи моделҳои "NEW ERA" аст. Ӯ ягона намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмиллалии зебоии Miss Global Tourism буд.
Рақобат барои дарёфти унвони "Miss Global Tourism" 15 рӯз идома дошт. Азиза Қаюмова, бунёдгузори бунгоҳи "NEW ERA" гуфт, ки моделҳо пеш аз роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ дар чанд озмуни дигар, аз он ҷумла аккосии гузинишӣ, ҳамроҳӣ дар барномаҳои расмӣ, ширкат дар барномаҳои хайрия ва намоиши ҳунар, ширкат кардаанд.
Азиза Қаюмова ёдоварӣ кард, ки ин нахустин бор нест ки Ёсуман дар озмунҳои зебоӣ ширкат дошта, балки пештар низ барандаи дигар озмунҳои ҷаҳонӣ шудааст.

Бунгоҳи "NEW ERA" нахустин омӯзишгоҳи моделҳои пешакор дар Тоҷикистон аст. Нахустин озмуне ки дастпарварони ин бунгоҳ ширкат карда буданд, озмуни байналмилллалии тарроҳии Пиер Карден "Fashion House International" буд ки соли 2006 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.
Дар он озмун шаш модел аз бунгоҳ ба даври ниҳоӣ расида буданд ва Ёсуман Холова севумин мақомро ба даст оварда буд. Дар паи ин озмун ӯро барои намоиши либосҳои Пиер Карден дар Фаронса интихоб карданд.




Азиза Қаюмова афзуд: "Имрӯз Тоҷикистон барои баргузории озмуни зебоии ҷаҳонӣ ҳам муҷаввиз дорад ва моделҳои тоҷик дар ҷашнвораи ҷаҳонии либоси Пиер Карден дар Фаронса ширкат хоҳанд кард".