ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Минтақаи низомии марказии Русия, нерӯи ҳавоии пойгоҳи 201 дар ин размоиш партоби мушакҳои ҳидоятнашаванда ба ҳадафҳои заминӣ ва бумборони корвонҳо ҳангоми ҳаракат, паноҳгоҳҳо ва анбори ҷангафзорҳои гурӯҳҳои тундрави ҳаросафканро тамрин кард.
Гуфта мешавад, ки чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 дар ин размоиш беш аз даҳ бомб ва панҷоҳ мушак партоб кардаанд. Халабонҳо ҳамчунин ҳамла бар ҳадаф дар парвози пастро низ тамрин кардаанд.
Пойгоҳи 201 — бузургтарин нерӯи низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои он аст. Бино бар тавофуқномае ки октябри соли 2012 Русия ва Тоҷикистон имзо кардаанд, ин пойгоҳ то соли 2042 дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.