ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳуҷум ба нишонҳои ноайёнро дар Помири шарқӣ машқ карданд. Ба сифати нишон ҳарбиёни рус чормағзро истифода бурданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ.
"Дар баробари нишонҳои стандартӣ, ки дар масофаи 800 метр ҷойгир карда шуданд, тирпаронҳо ҳуҷум ба ҷимсҳои ноайёнро дар минтақаҳои кӯҳӣ машқ карданд. Ба сифати нишони ноайён низомиён чормағзро дар масофаи 150 метр истифода бурданд",-омадааст дар хабарнома.
Муофиқи маълумоти ОҲМ ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия, ҳамчунин ҳаракати пинҳонӣ дар релефи мураккаб ва ҳуҷуми ҷавобӣ тариқи снайперро машқ карданд.
Пойгоҳи низомии 201- таркиби бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи Русия берун аз марзи он шинохта мешавад. Мувофиқи созишномаи соли 2012 аз ҷониби ду президент (ҶТ ва ФР) ба имзо расида, ин пойгоҳ то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
То соли 2015 қисмҳои алоҳидаи пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғантеппа ва Кӯлоб ҷойгир шуда буданд. Аввалҳои моҳи декабр полки 149-ум аз шаҳри Кӯлоб ба мавзеъи Лоҳури Душанбе кӯчонида шуд.