Минрӯбӣ ва мубодилаи асирон: мавзуъҳои калидии музокироти сулҳи Сурия дар Остона

© Sputnik / Николай Лазаренко / Гузариш ба медиабонкШаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст, ки дар севумин даври музокироти сулҳи Сурия масоъили марбут ба мубодилаи асирон ва минрӯбӣ дар маконҳову созаҳои торихиву фарҳангӣ баррасӣ шаванд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Даври севуми нишасти музокироти сулҳи Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон, оғоз ёфт.

Sputnik Қазоқистон бо ишора ба Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон гузориш медиҳад, ки ҳайъатҳои расмии кишварҳои миёнҷӣ ба раҳбарии муовинони умури хориҷаи Русия, Туркия ва Эрон ба Остона расидаанд.

Вазири ВУХ Туркия - Sputnik Тоҷикистон
Туркия мехоҳад то Соли нав дар Сурия сулҳ барпо кунад

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давр аз нишаст тарафҳо дар мавзуъи ташкили коргурӯҳ барои мубодилаи асирон ва поксозии созаҳои шаҳрӣ ва фарҳангӣ аз минҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Вай афзуд: "Бино бар иттилоъи кишварҳои зомин, дар ин нишаст масоиле чун шароити оташбас, муқаррарот барои манотиқи оштикарда, муқаррароти ташкили коргурӯҳ барои мубодилаи иттилоъот дар бораи асирони ҷангӣ, минрӯбӣ дар маконҳо ва созаҳои торихиву фарҳангӣ ва ҳамчунин масоъили сирфан низомӣ баррасӣ хоҳанд шуд".

Ҳайъати расмии Русияро намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия Александр Лаврентев раҳбарӣ мекунад. Дар ин нишаст ҳамчунин намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Русия, мудири бахши Ховари Миёна ва Африкои Шимолӣ Сергей Вершинин ва муовини мудири Идораи кулли амалиётӣ Станислав Ҳоҷимуҳаммадов ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки давраҳои нахуст ва дувуми музокироти сулҳи Сурия 23 то 25 январ ва 15 то 16 феврали соли равон дар Остона баргузор шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0