ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Туркия мехоҳад, ки дар Сурия то охири соли 2016 сулҳ барпо шавад, изҳор дошт вазири ВУХ Туркия Мавлуд Ҷавушӯғлӣ, хабар медиҳад РИА Новости.
"Мо омодаем ҳамроҳ бо Русия ба сифати кафолати сулҳ дар Сурия баромад кунем",-изҳор дошт Чавушӯғлӣ ба шабакаи Ahaber.
Ӯ илова кард, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ бояд Сурияро тарк кунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Маскав ва Анқара оиди барпо кардани сулҳ дар тамоми минтақаҳои Сурия ба мувофиқа расиданд. Дар доираи созишнома Туркия ва Русия ба ҷонибҳо пешниҳод мекунанд, то аз соати 00.00-и 29 декабр амалиёти низомӣ дар Сурия қатъ карда шавад.
Қайд мегардад, ки созишномаи оштӣ ба ташкилотҳои террористӣ дахл надорад. Ҳамин тавр дар сурати муваффаққият бо дастгирии Маскав ва Анқара дар дар Остона муҳокимаи сиёсии вазъият шурӯъ хоҳад шуд. Дар Кремл изҳор доштанд, ки дар бораи созишномаи оштии Русия ва Туркия маълумоти кофӣ надоранд.