Душанбе дар раддабандии шаҳрҳои ҷаҳон яке аз бадтаринҳо шинохта шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевШаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ
Шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳри Душанбе дар раддабандии ҷаҳонии кайфияти зиндагӣ 215-ум раддаро дорад. Тошканд даҳ радда болотар аз пойхти Тоҷикистон ҷой гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар ин раддабандӣ, ки ширкати байнулмиллалии машваратии "Mercer" омода кардааст, пойтахти Тоҷикистон дар миёни 231 шаҳри ҷаҳон, 215-умин шудааст.

Тошканд дар ин раддабандӣ 10 радда болотар аз Душанбе ҷой гирифта, 205-умин аст. Бишкек 207-умин ва Ашқобод дар 211-умин шаҳр дониста шудаанд.

Ярмаркаи кишоварзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фурӯши себзаминӣ дар бозорҳои Душанбе "ҷирабандӣ" шуд

Болотарин раддаро ҳашт сол боз шаҳри Вена — пойтахти Утриш — дорад. Дар ин раддабандӣ шаҳрҳои Зурих (Суис), Окленд (Ню-Зеланд), Мюнхен (Олмон), Ванкувер (Конодо), Дусселдорф ва Франкфурт (Олмон), Женева (Суис), Копенҳаген (Данмарк) ва Базел (Суис) даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳоро ташкил медиҳанд. Маскав дар ин раддабандӣ 168-умин раддаро дорад.

Бадтарин шаҳрҳо аз нигоҳи кайфияти зиндагӣ Бағдод ва Санъо шумурда шудаанд.

Ширкати "Mercer" ҳар сол бар асоси омилҳое чун муҳити сиёсӣ ва иҷтимоъӣ, шароити иқтисодӣ ва иҷтимоъиву фарҳангӣ, амният, зистбум, кайфият ва мизони дастрасии хадамоти пизишкӣ ва омӯзишу парвариш, дастрасии колоҳои масрафӣ ва хадамоти давлатӣ, рушди зерсохторҳои шаҳрӣ ва таробарии умумӣ, манзил ва тафреҳу саргармӣ ва кайфияти оби ошомиданӣ кайфияти зиндагӣ дар шаҳрҳоро раддабандӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0