ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳаққи дарёфти шаҳрвандӣ бар пояи "асли хок" ё "асли зодбум" дар Русия низ ҷорӣ хоҳад шуд.
"Асли зодбум" яке аз шеваҳои дарёфти шаҳрвандӣ аст ки бар асоси он ҳар касе ки дар сарзамин ё қаламрави як кишвар зода мешавад, шаҳрвандии он кишварро дарёфт хоҳад кард.
Раиси Кумитаи умури миллии Думаи кишварӣ Руслан Балбек ба хабарнигори "РИА Новости" гуфт, пешнависи қонуни дарёфти шаҳрванди бар асоси "асли зодбум", ки Константин Затулин ва Наталя Поклонская таҳия кардаанд, дар моҳи феврал ба маҷлиси қонунгузор пешниҳод шуда ва Кумитаи умури миллии Дума онро баррасӣ карда ва мусбат арзёбӣ кардааст.
Балбек таъкид кард, ки агар ин қонун тасвиб шавад, дарёфти шаҳрвандии Русия на танҳо бар асоси асли ҳамхунӣ ва хешовандӣ, балки аз рӯи асли зодбум низ имконпазир хоҳад шуд.
Вай гуфт, ки меъёри аслӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ донистани забони русӣ хоҳад буд. Афзун бар ин, пайванд бо қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва сарзамини подшоҳии Русия низ дар назар гирифта хоҳад шуд.
Ба гуфти Балбек, ҳаққи осон дарёфт кардани шаҳрвандии Русияро касоне хоҳанд дошт ки гӯишвари забони русӣ бошанд ва дар яке аз ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ ва ё қаламрави имперотурии Русия зода шуда бошанд.