Шумораи тоҷиконе, ки мехоҳанд ба Русия кӯчанд, то рафт зиёд мешавад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон, акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо соли 2016 дар барномаи кӯчонидани аҳолӣ (переселение) 14 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок карданд. Дар тайи ду сол шумораи тоҷиконе, ки мехоҳанд дар Русия истиқомати доимӣ пайдо кунанд, 40% зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik.Шумораи  шаҳрвандони тоҷике, ки мехоҳанд дар Русия истиқомати доимӣ ба даст оранд, ҳамасола зиёд мешавад.

Танҳо дар соли 2016 дар барномаи "переселение"14 ҳазор шаҳрвандони  Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон. Дар ду сол ҳиссаи шаҳрвандоне, ки мехоҳанд доимӣ дар Русия зиндагӣ кунанд то 40% зиёд гардидааст.

Шумораи  шаҳравандоне, ки мехоҳанд дар барномаи кӯчонидани аҳолӣ иштирок кунанд,  дар соли 2014 — 10ҳазорро ташкил медод, соли 2015 бошад — 13 ҳазор ва имсол ба 16 ҳазор расид, изҳор дошт роҳбари намояндагии ВКД Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон Владислав Маркевич.

Муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон: муҳоҷирони тоҷику узбек аз нав Русияро “дӯст доштанд”

Ба гуфтаи Маркевич дар 2016 аз тамоми муроҷиаткунандагони  иштирок дар барномаи давлатии  кўчиши ихтиёрии шаҳврандон ба Федератсияи Русия ба ҳамватанони бурунмарзӣ,  1850 оила аз Тоҷикистон тасдиқномаи иштирок дар барномаро ба даст оварданд. Дар соли 2016 шумораи аризаҳои тасдиқгардида 1,2 ҳазорро ташкил мекард.

Бо шарофати интихоби дурусти аризаҳо аз ҷониби  намояндагии мо барои иштирок дар Барномаи давлатӣ 82%-и ҳамаи арзкунандагон шаҳодатномаи иштирокчии Барномаи давлатӣ ба даст оварданд, ки ҳуқуқи сафар ба Русияро медиҳад ва мутаносибатан гирифтани шаҳрвандиро осон мекунад, гуфт Маркевич.

Дар барномаи кӯчонидани аҳолӣ шаҳрвандоне иштирок карда метавонанд, ки ба халқиятҳое дар тӯли таърих дар Русия зиндагӣ мекарданд дохил мешаванд; шахсоне, ки хешовандони наздикашон дар Русия зиндагӣ мекарданд; нафарон, ки дар ҳудудии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрвавӣ зиндагӣ мекунанд ва дар гузашта шаҳрвандии ИҶШС-ро доштанд.

Дар баробари ин иштироккунанадагони барномаи кӯчонидани аҳолӣ метавонанд шаҳрвандони хориҷӣ низ шаванд ва ё шахсоне шаванд, ки шаҳрвандии ягон давлатро надоранд ва дар Русия муваққатан ё доимӣ иҷозатномаи истиқомат доранд, ё ин ки аз Русия паноҳгоҳи мавваққатӣ гирифтаанд. Ба воситаи ин барнома метавон ба зуддӣ шаҳрвандӣ ба даст овард.

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба вилояти Танбов ба истиқомати домӣ ва ҷои кор даъват мекарданд. Қайд карда мешуд, ки аз амалӣ гаштани ин лоиҳа дар минтақаъ қариб 10 ҳазор нафар кӯчиданд. Имсол бошад ба вилоят қариб 1600 нафар кӯчида омаданд.

Лентаи хабарҳо
0