ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар ин дидор бо таъкид бар нақши ҷавонон дар афзоиши обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилаллӣ, аз суханони раисҷумҳур ёдовар шуд ва гуфт ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълом кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагони созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Новосибирск аз сафир барои роҳандозии давраҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои кӯдакон ёрӣ дархост карданд. Сафир гуфт ҳатман дар ин замина бо муҳоҷирон ёрӣ ва ҳамкорӣ хоҳад кард.
Имомуддин Сатторов ҳамчунин аз ҷамъомадагон даъват кард, ки забон, торих ва фарҳангу ойинҳои кишвареро,ки дар он буду бош доранд, бизмӯзанд ва арҷ бигзоранд.
Ҷавонон дар навбати худ аз фароҳам овардани шароити хуб барои таҳсил дар хориҷ аз ҳукумати кишвар сипосгузорӣ карданд.
Дар ин дидор ҳамчунин сарконсули Тоҷикистон дар Новосибирск Шамсиддин Зардӣ, сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Еатеринбург Сафар Сафаров, раиси намояндагии Вазорати кор ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Зоҳир Мирзозода ширкат доштанд.