Омодагии Узбакистон ба Наврӯз аз ҳашар шурӯъ шуд

© Sputnik УзбекистанҲашари умумихалқӣ дар Узбакистон барои таҷлили Наврӯз
Ҳашари умумихалқӣ дар Узбакистон барои таҷлили Наврӯз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давоми ду рӯз шаҳрвандони Узбакистон аз субҳи содиқ кӯчаҳо, боғҳои истироҳатӣ, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро тоза карда, ибодатхонаҳо ва оромгоҳҳоро ба тартиб медароранд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Узбакистон пеш аз ҷашни Наврӯз дар рӯзҳои истироҳат ҳашари умумӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои Sputnik Узбакистон шаҳрвандони кишвар барои тоза кардани кӯчаҳо ва боғҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромаданд.

Дар Узбакистон ҳашари умумӣ ду маротиба дар як сол баргузор карда мешаванд. Аввал дар арафаи ҷашни Наврӯз, ки санаи 21-уми март таҷлил карда мешавад ва дуюм дар арафаи истиқлолияти давлатӣ, ки рӯзи 1-сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Ҳукумати Узбакистон оиди ҳашари умумихалқӣ қарор бароварда, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад.

"Мувофиқи қарори ҳукумат моҳҳои март ва апрел дар кишвар моҳҳои сабзазоркунӣ ва ободонӣ эълон шудаанд. Дар доираи ин барнома 11-12-уми март ҳашари умумӣ гуаронида мешавад".

Таҷлили 2000-солагии Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Браво президент: ташаббуси Мирзиёев оиди Наврӯз дастгирӣ ёфт

Дар рафи ҳашар кӯчаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ тоза карда шуда, ибодатгоҳҳо ва оромгоҳҳо ба тартиб дароварда мешаванд.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҳашар ба сохтмончиёне, ки ба бино кардани иншооти нав машғул ҳастанд, кӯмак мерасонанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писаронаш Сомон ва Рустам дар Рӯзи модар ба ҳашар баромада дар боғҳои шаҳри Душанбе ниҳол коштанд.

Ҳамчунин сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди маросими вижаи оташбозӣ дар ҷашни Наврӯз қарор баровард.

Гуфта шуд, ки 21 март дар поёни барномаҳои наврӯзӣ аз соати 19:00 то соати 21:00 маросими вижаи оташбозӣ баргузор мешавад ки таи он аз ҳафт бурҷи шаҳри Душанбе бо фосилаи 5 дақиқа аз тӯпҳо оташ шиллик хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0