Браво президент: ташаббуси Мирзиёев оиди Наврӯз дастгирӣ ёфт

© Sputnik / В. Ковреин / Гузариш ба медиабонкТаҷлили 2000-солагии Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Таҷлили 2000-солагии Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Узбакистон, ки солҳои охир аз таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз канорагирӣ мекард, акнун омода аст,ин ҷашнро бо шукуҳи хоса қайд кунад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Шаҳрвандони Узбакистон ташаббуси Шавкат Мирзиёвро оиди таҷлили Наврӯз дастгирӣ карданд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар ҷаласаи хулосавии соли 2016 президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки Узбакистон Наврӯзро бо сайругашти оммавӣ таҷлил мекунад.

"Ман мехоҳам, ки ҳама бидонанд! Мо бояд аз имрӯз  ба Наврӯз омодагӣ бинем. Мехоҳам, халқ дар ин рӯз истироҳат кунад ва ягон чиз  истироҳати онҳоро халалдор нашавад, то мардум ҳаловат баранд",-изҳор дошт президент.

Духтари тоҷик бо либоси миллӣ аз атлас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бори аввал нест: омӯзгорон ва хонандагони тоҷикро атлас мепӯшонанд

Аз ин хабар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ канор нагузаштанд ва даррав фикру андешаи худро дар бораи ин ташаббус изҳор доштанд.

Аксари корбарон пешниҳоди президентро дастгирӣ карда, қайд намуданд, ки ҷашнҳои миллӣ бояд бо шукӯҳ таҷлил карда шаванд. "Бисёр хуб. Мо тарафтори ҷашнҳо ва анъанаҳои миллие, ки марумро ба ҳам меоранд, ҳастем",-навиштааст корбари шабакаи иҷтимоӣ.

Дигаре бе ягон шарҳи иловагӣ танҳо изҳори хушнудӣ кардааст. "Ура! Ура!ура-ура-ураааааааааааааааа!!!!!!!!!!".

"Ниҳоят, ҳалли муносиб, браво Президент!",-дастгирӣ кардааст корбари дигари шабака.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 ҷашни Наврӯз ба мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Тоҷикистон низ имсол барои дар сатҳи олӣ таҷлил намудани Наврӯз омодагӣ мебинад.

Ҳамин тавр  бо мақсади шоиста ҷашн гирифтани ҷашни "Наврӯз" вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳоҳд намудааст, то омӯзгорон ва муҳассилини макотиб шурӯъ аз рӯзи аввали фасли баҳор куртаи  атлас, адрас ва чакан ба бар намоянд.

Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он
Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он
Лентаи хабарҳо
0