Журналистикаи тоҷик то имрӯз: чаро рӯзноманигорон ҳам тарки ватан мекунанд?

© Sputnik / Амир ИсаевМаҷаллаҳои тоҷикӣ, аксаз бойгонӣ
Маҷаллаҳои тоҷикӣ, аксаз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз рӯзноманигорони машҳури тоҷик мегӯяд соли гузашта, соли ҷорӣ умуман якчанд сол аст, ки журналистикаи тоҷик ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудааст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik, Сергей Кузнетсов.Имрӯз дарТоҷикисто рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯз 105 сол пештар аввалин нашрияи тоҷики "Бухорои Шариф" ба табъ расидааст.

Намояндагони ВАО, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон бар онанд, ки расонаҳои тоҷикӣ “озоданд”

Дар арафаи ин ҷашн 9 рӯзноманигори тоҷик ҷоиза ба даст оварданд.

Озодии баёни аз ҳад зиёд

Соли гузашта Тоҷикистон дар индекси умумиҷаҳонии озодӣ ҷойи 150-умин қарор дошт. Дар байни Осиёи Марказӣ бошад Тоҷикистон аз ин ҷиҳат мақоми охиронро мегирад. Вазъиятро коршиносони ташкилоти байналмиллалии "Репортеры без границ" омӯхтанд ва қайд намуланд, ки дар кишвар тамоюле ба назар мерасад, ки низоми авторитарӣ ба тамоми соҳаҳо аз ҷумла расонаҳои мустақил фишор меоварад.

"Пурсишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  таҳдид ва фишор ба рӯзноманигорон то рафт зиёдтар мешавад. Қариб тамоми расонаҳои иттилоотии интернетии  мустақили тоҷикӣ бошанд дар Тоҷикистон ақалан як бор дар шабака баста  шуданд",- омадааст дар тадқиқот.

Саҳифаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Facebook, Microsoft, Twitter ва YouTube бар зидди терроризм мубориза мебаранд

Ҳамин тавр мувофиқи маълумтҳои расмӣ танҳо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 5 расона баста шудааст.

Аммо бархе аз  коршиносон қайд мекунанд, ки баъзе  расонаҳои тоҷикӣ дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ ба рақобат тоб оварда натавониста, аз байн мераванд.

"Баста шудани ин расонаҳо пеш аз ҳама бо муфлисшавии онҳо вобаста буд, на ба озодии баён ",- гуфта буд ба рӯзноманигорон Хулойберди Холиқназар.

Вай илова намуд, ки дар ОМ дар ягон кишваре мисли Тоҷикистон то ин дараҷа озодии баён дида намешавад.  Аммо илова бар ин, Холиқназар боварӣ дорад, ки озодии баёни аз ҳад зиёд ба ҷамъияти тоҷикон зарар дорад.

"Дар кишварҳои тараққикарда чанд қадар озодӣ зиёд бошад, ҳамон қадар хуб аст. Он ҷо озодии баён омоли сулҳ ва фаъолияти шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Аммо барои кишварҳое, ки дар давраи гузариш қарор доранд, озодии аз ҳад берун зарар дорад",- қайд намуда буд муовини аввали МТС Сайфулло Сафаров.

Гурезаҳои тахассусӣ

Барои дар меъёри муайяншуда таъмин намудани шаҳврандон бо озодӣ ба таври мунтазам дар кишвар шабакаҳои иҷтимоӣ, каналҳои навори видеоӣ баста мешаванд. Бештарини онҳо  Facebook, Youtube  ва Одноклассники ба ҳисоб мераванд.

Соли гузашта Тоҷикистонро 15 нафар рӯзноманигор тарк карданд. Ба гуфтаи худи онҳо сабаби тарк кардани кишвар расонида шудани фишор дар фаъолияти кориашон мебошад.

"На танҳо соли ҷорӣ, балки соли гузашта ва як ду сол пештар дар умум чанд сол аст, ки барои рӯзноманигорон мушкилтарин ба ҳисоб меравад. Ба мо ва ба дигар нашрияҳои пешсаф чанд маротиба бо сабҳои хело коста ва хандаовар аразиҳои даъвоги навишат шуда буд",- мегӯяд яке аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар.

Ба гуфтаи худаш, вай низ аз сабаи фишор дидан бо аҳли оилааш кӯч бастаст.

"Ба ман, барои ҳамин ҷашн гирифтани рӯзи матбуоти тоҷик ягон маъно надорад",- мегӯяд вай.

Рӯзноманигорони  сол

Баробари ин дар кишвар то ҳол Рӯзи матбуоти тоҷикро қайд мекунанд.

Имсол 9 рӯзноманигор аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сазовори ҷоизаи Лоҳутӣ гаштанд.    

Лентаи хабарҳо
0