Коршиносон бар онанд, ки расонаҳои тоҷикӣ “озоданд”

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкНамояндагони ВАО, акс аз бойгонӣ
Намояндагони ВАО, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази Тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ба журналистони Тоҷикистон озодии баён кафолат дода шудааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Қатъ гаштани фаъолияти якчанд васоити ахбори умум дар Тоҷикистон бо мушкилиҳои иқтисодӣ вобаста аст, на ба масъалаи озодии баён, гуфт роҳбари Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар.

Вай қайд намуд, ки ба журналистони кишвар озодии баён кафолат дода шудааст.

"Расонаҳо дар Тоҷикистон то дараҷае озоданд, чунин озодии баён дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дида намешавад",- гуфт вай дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи ӯ бисёре аз расонаҳо ба рақобати бозори иқтисодӣ тоб оварда натавониста, фаъолияташонро қатъ карданд.

"Маҳкам шудани расонаҳои мазкур,  аз сабаби муфлисшавии онҳо ба амал омадааст, на ба масъалаи озодии баён вобаста мебошад",- гуфт роҳбари маркази тадқиқотӣ.

Дар навбати худ муовини роҳбари марказ Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки озодии аз ҳад зиёд дар ҷамъияти ноустувор метавонад ба давлат зарар орад.

"Барои давлатҳои тараққикарда озодии баён хуб аст. Дар он ҷо озодии баён омили субот, сулҳ ва фаъолнокии шаҳврандон мебошад. Аммо барои кишварҳое, ки рӯ ба тараққӣ мебоашанд, озодии аз ҳад зиёд зарар дорад",- қайд кард вай.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2016 дар Тоҷикистон 5 васоити ахбори умум фаъолияти худро қатъ кард, ки яке аз онҳо "Вечерний Душанбе"  мебошад, инчуни 15 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк карданд.

Лентаи хабарҳо
0