Тиҷорат, сайёҳӣ ва маориф: сафари кории сафири ҶТ дар ФР ба Новосибирск

© пресс-служба посольства РТ в РФВохӯрии сафири ҶТ дар ФР бо губернатори Новосибирск
Вохӯрии сафири ҶТ дар ФР бо губернатори Новосибирск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи феврал дар Новосибирск Қунсулгароии генералии Тоҷикистон дар Русия ифтитоҳ гардида буд, дар рафти сафари расмии хеш Имомуддин Сатторов расман консули генералии ҶТ Шамсиддин Зардиро муарриифӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба наздикӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар рафти сафари кории худ ба вилояти Новосибирск бо Губернатори ин вилоят Владимир Городетский мулоқот намуд.
Пеш аз ҳама, Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Шамсиддин Зардиро ба Губернатори вилоят Владимир Городетский расман муаррифӣ намуд.

Ба гуфтаи сафири тоҷик консулгароии навифтитоҳ дар Новосибиркс барои хизмат расонидан ба шаҳрвандони Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.

Ҳамзамон Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск нақши муҳимро дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф, хоҳад бозид.

Ҳамчунин зикр гардид, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Новосибирск, ки мутахасисони баландихтисосро тайёр мекунанд, зиёда аз 350 нафар мебошад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф, фарҳанг, иқтисод ва савдо, баланд намудани ҳаҷми гардиши мол ва таъмини вилояти Новосибирск бо меваю сабзавоти Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро низ дар рафти мулоқот, баррасӣ карданд.

Шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наздиктар ба муҳоҷирон: ифтитоҳи консулгарӣ дар Петербург ва Новосибирск

Дар мулоқот Сардори намояндгии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Зоҳир Мирзозода ва дигар шахсони расмӣ низ ширкат намуданд.

Ҳамон рӯз, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот низ, мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи савдо, сайёҳӣ, илм ва маориф, мубодилаи афкор намуданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Муовини Президенти Палатаи савдои шаҳри Новосибирск Вячеслав Маркел низ мулоқот анҷом дод.

Дар рафти сӯҳбат масъалаҳо ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар самтҳои иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ баррасӣ гардида, доир ба мустаҳкам намудани роҳҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар табодули назар карда шуд. 

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати фаъолсозии муносибатҳои Тоҷикистону Россия баҳри тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва савдои байниминтақавии кишварҳо, зоҳир намуданд.

Лентаи хабарҳо
0