Наздиктар ба муҳоҷирон: ифтитоҳи консулгарӣ дар Петербург ва Новосибирск

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкШаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия дарҳояшонро ба рӯи муҳоҷирон ва корафтодагон боз мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хабаргузории "РИА Новости" ба нақл аз сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков гузориш медиҳад ки ҳамакнун тадорукоти роҳандозии кори консулгариҳо баҳсу баррасӣ мешаванд

Ба гуфтаи Вафо Ниятбеков, раҳбари пешини бахши иттилооти ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назризода сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консул дар шаҳри Новосибирск таъин шудаанд.

Тоҷикистон пеш аз ин дар Русия ду консулгарӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа дошт, ки аввалиро Сафар Сафаров ва дувумиро Олимхон Шамсов раҳбарӣ мекарданд.

Акнун бо бастани консулгари ифтихорӣ дар Санкт-Петербург, танҳо дар шаҳрҳои Калиниград ва Петрозаводск консулгариҳои ифтихории ВКХ Тоҷикистон амал мекунанд ва ин масъулиятро дар Калиниград Солеҳ Исоев ва дар Петрозаводск Иномҷон Ашрапов бар уҳда доранд.

Лентаи хабарҳо
0