ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Коргурӯҳи вижаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон далоили нишасти изтирории ҳавопаймои “Тоҷик-Эйр” дар фурудгоҳи Хуҷандро баррасӣ мекунад.
Мудири фаннии “Тоҷик Эйр” Азамат Қурбонов бар мусоҳиба бо хабарнигори “РИА Новсти” гуфт: “Ин коргурӯҳ аз коршиносони Вазорати нақлиёт ва ширкати “Тоҷик Эйр” ташкил шуда ва далоили нишасти изтирории ҳавопаймои ин ширкатро баррасӣ хоҳад кард”.
Ба гуфтаи вай, ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” парвози TJK645 ки аз Хуҷанд ба Маскав мусофир мебурд, пас аз нишаст ва сӯхтгирӣ дар Тароз ба сӯи мақсад парвоз кард. Аммо пас аз чанд дақиқа дучори нақси фаннӣ шуд ва ба Хуҷанд бар гашт. Пеш аз нишаст дар фурудгоҳ ҳавопаймо камобеш ду соат бар фарози шаҳр парвоз кард то сӯхташро кам кунад. Дар ин замон дар фурудгоҳ вазъи изтирорӣ эълом шуд ва кормандони созмонҳои оташнишонӣ, фавриятҳои пизишкӣ (ёрии таъҷилӣ) ва неруҳои интизомӣ дар фурудгоҳ ҳозир шуданд.
Азамат Қурбонов бо таъкид бар ин ки ҳеч касе аз 140 мусофир ҳангоми нишасти изтирорӣ осеб надид, гуфт: “Коргурӯҳ ин қазияро баррасӣ карда натоиҷро дертар эълом мекунад. Вале ҳавопаймо пеш аз парвоз аз бозрасии фаннӣ гузашта буд ва ҳеч камбуде надошт”.