Владимир Путин аз пулиси Русия хост ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷиронро риоят кунад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезиденти ФР Владимир Путин, акс аз бойгонӣ
Президенти ФР Владимир Путин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Владимир Путин гуфт, ҳузури муҳоҷирон дар Русия барои шаҳрвандон мавзуъи бисёр ҳассос аст

 

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз кормандони вазорати умури дохилӣ хост ки дар пайгирии сиёсати кишвар ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷиронро низ риоят кунанд.

Хабаргузории “РИА Новости” гузориш медиҳад, ки Владимир Путин дирӯз, 9 март, дар маҷлиси солонаи вазорати умури дохилии Русия бо ишора ба яке кардани Созмони федеролии муҳоҷират бо Вазорати корҳои дохилӣ умедвор шуд ки сиёсати кишвар дар заминаи муҳоҷират самарабахштар шавад.

Вай таъкид кард, ки мавзуъи муҳоҷират барои шаҳрвандони Русия на танҳо аз дидгоҳи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ, балки “аз нигоҳи риояи қонунгузории Русия” ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар низ бисёр ҳассос аст.

“Бояд ҳуқуқ ва манофеъи онҳоеро ҳам риоят кард, ки мехоҳанд дар Русия зиндагиву кор кунанд, — гуфт Путин ва таъкид кард: Вале муҳоҷирон низ муваззафанд қонунҳову фарҳангу суннатҳои моро эҳтиром ва риоят кунанд”.

Ёдоварӣ мекунем ки Созмони федеролии муҳоҷират 5 апрели соли 2016 мунҳал шуд ва ҷояшро Идораи кулли умури муҳоҷират дар ВКД Русия гирифт.

 

Лентаи хабарҳо
0