Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов болои Омударё пул кушоданд

© Sputnik / Устинов / Гузариш ба медиабонкҒурӯби офтоб дар Амударё. Акс аз бойгонӣ
Ғурӯби офтоб дар Амударё. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дарозии пули роҳи оҳан 1,75 километр буда, дар Туркманистон ва сарҳади Узбакистон воқеъ аст ва Тукрменободро бо Фароб пайваст мекунад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории "Туркманистон имрӯз", кишвардорони Туркманистон ва Узбакистон имрӯз дар болои Омударё пули роҳи оҳани "Туркманобод-Фароб"-ро ба истифода доданд.

Гуфта мешавад, ки дарозии пули роҳи оҳан 1,75 километр буда, он дар марзи Туркманистон ва Узбакистон воқеъ аст ва Туркманободро бо Фароб пайваст мекунад.

Баландии пул 10 метр ва паҳнои он 60 метр аст. Ин пул имкон медиҳад, то худравҳои сангини боркаши ба қаламрави Туркманистон ворид шаванд. Гуфта мешавад, ки ин пул барои вилояти Лабоб ва куллан Туркманистон аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва геополитикии бузург дорад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Шавкат Мирзиёев аз нахустин мусофироне буданд, ки аз пули нав гузаштанд.

Ёдоварӣ мешавад, ки қаблан роҳи оҳан аз рӯи пуле мегузашт, ки соли 1901 сохта шуда буд. Пас аз баргузории осебсанҷиҳо маълум шуд, ки пули кӯҳна бисёр фарсуда шудааст ва раисҷумҳури Туркмаистон 8 феврали соли 2013 дар бораи сохтмони пули нави роҳи оҳан қарор қабул кард.

Ин нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон дар симати раисҷумҳури Узбакистон аст. Дар раванди ин сафар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Шавкат Мирзиёев ба нишони ҳамкориҳои гарми дуҷониба як сар аспи ахалтекиро пешкаш кард.

© Фото : Государственное информационное агентство ТуркменистанаТӯҳфаи Бердимуҳаммадов ба Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и глава Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон
Тӯҳфаи Бердимуҳаммадов ба Мирзиёев
Лентаи хабарҳо
0