ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Округи марказӣ ҳарбии Русия, халабонони пойгоҳи 201-уми дар Тоҷикистон ба сокинони Сағирдашт зиёда аз 2 тонна кӯмаки башардӯстона интиқол доданд.
Ба сокинони Помири шарқӣ маводи ғизоӣ аз ҷумла-орд, маҳсулоти донагӣ, маккорон, руған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастрас шуд.
"Халабонон ба Сағирдашт зиёда аз 2 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ интиқол доданд",-омадааст адр хабарнома.
Дар баробари ин ҳарбиёни пойгоҳи низомии 201-ум яке аз сарҳадбонони тоҷикро аз ноҳияи Ванҷ, ки ба ёрии духтурон ниёз дошт, ба Душанбе интиқол доданд.
Аз санаи 28-уми январ то 25-уми феврал дар манотиқи гуногуни кишвар зиёда аз 100 тармаи калон рехта, 20 нафар зарар диданд ва 4 нафари дигар бе ному нишон гаштанд.
Сокинони маҳаллӣ қайд мекунанд, ки ин гуна ҳавои номусоид тайи 30 соли ахир бори аввал аст. Як қисми минтақаҳои Помир то ҳол ба нақлиёт дастрасӣ надоранд.
Пештар Русия барои осебдидагони ин офати табиӣ кӯмаки башардӯстона равон карда буд.