ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости Узбакистон ба минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон 60 тонна кӯмаки башардӯстона равон мекунад.
Дар хабарнома гуфта мешавад, ки "тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳукумати кишвар қарор дар бораи равон кардани кӯмак ба зарадиганогони тарма дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон баровард".
Тибқи иттилои МЧС-и Узбакистон ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстона 60 тоннаро ташкил медиҳад.
Кӯмак аз маҳсулоти хӯрокворӣ, дору, маводҳои сохтмонӣ, ангишт, либоси гарм ва дигар маводҳои ниёзи аввал иборат аст.
Аз санаи 28-уми январ то 25-уми феврал дар манотиқи гуногуни кишвар зиёда аз 100 тармаи калон рехта, 20 нафар зарар диданд ва 4 нафари дигар бе ному нишон гаштанд.
Сокинони маҳаллӣ қайд мекунанд, ки ин гуна ҳавои номусоид тайи 30 соли ахир бори аввал аст. Як қисми минтақаҳои Помир то ҳол ба нақлиёт дастрасӣ надоранд.