ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ дар озмун 50 нафар занони ронанда иштирок карда, мошинҳои худро бо атласу адрас ва чакан оро доданд.
Озмун дар арафаи таҷлили ҷашни "Рӯзи модарон" бо ташаббуси Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт доир карда шуд.
Озмун аз даврҳои "Ман ва автомобилам" (муаррифӣ ва ороиши автомобил), "Донандагони Қоидаҳои ҳаракати роҳ", "Саволу ҷавоб дар самти расонидани ёрии аввалини тиббӣ" ва "Маҳорати кадбону" иборат буд.
Ҳамин тавр мақоми аввал насиби Заррина Муҳаммадова шуда, ӯ соҳиби 3000 сомонӣ гардид. Ҷойи дуюм насиби Парвина Зайдуллоева бо сертификати 2500 сомонӣ гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии дигар Тахмина Рабиева ба даст овард ва соҳиби сертификати маблағи 2000 сомонӣ шуд.
Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинон ба Дилноза Шарипова ғолибият дода шуда, мукофоти пулиии 1500 сомониро ба даст овард.
Инчунин, барои ороиши автомашина ва кадбонуи беҳтарин 10 нафари иштирокчиёни озмун бо тӯҳфаҳои алоҳида сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин ба тамоми иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ "Ифтихорнома" ва гулдаста тацдим карда шуд.
Тӯҳфаҳоро ба ғолибон сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон супорид.