Қарори Р. Эмомалӣ оиди интихоби беҳтарин зани ронанда дар Душанбе

Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оиди баргузории озмуни “Авто-Бону-2017” қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, раиси шаҳри Душанбе муроҷиати вазорати корҳои дохилии ҶТ-ро оиди баргузории озмуни беҳтарин ронандазан дастгирӣ кардааст.

Озмун 4 марти соли 2017 аз соати 900 то 1800 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А. Турсунзода, воқеъ дар кӯчаи С.Айнии километри 7-уми шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба таъмири мактабҳо ва боғчаҳои Душанбе пардохт

Тибқи қарор макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳи пойтахт" муқаррар гардидааст.

Баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои роҳбонӣ (патрулӣ)-и БДА ва мототсиклронҳои Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ — И.Сомонӣ — Рӯдакӣ — С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов анҷом диҳанд.

Ғолибони озмунро мукофоти пулӣ интизор аст. Барои ҷои аввал-3000 сомонӣ, ҷои дуюм-2500 сомонӣ ва мақоми сеюм-2000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, ки мақсади асосии озмун баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, такмили шаклу усулҳои кор оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт мебошад.

Лентаи хабарҳо
0