ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари шаҳрдории пойтахт, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард дурнамои ҳамкорӣ ва равобити баробаршаҳрҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Дар мулоқоте ки имрӯз баргузор шуд, тарафҳо масоили бародаршаҳрии пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Боулдер дар иёлати Колорадоро баррасӣ карданд ва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян намуданд.
Дафтари матбуоти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳам иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот аз бунёди чойхонае дар Боулдер аз ҷониби шаҳри Душанбе ва сармоягузории шаҳрдории Боулдер дар барномаҳои шаҳрдории Душанбе ёдоварӣ шудааст.
Ёдоварӣ мекунем ки ҳамакнун пойтахти Тоҷикистон бо понздаҳ шаҳр дар ҷаҳон равобити бародаршаҳрӣ дорад.