Пешниҳоди Раҳмон ба СҲИ: ташкили барномаи махсус барои муҳофизат аз офатҳои табиӣ

© Официальный сайт президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон заседании Общественного совета Таджикистана
Эмомали Рахмон заседании Общественного совета Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ суханронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 1 мар- Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲИ, ки дар Покистон баргузор шуд, пешниҳод кард, ки барои паст кардани хатари офатҳои табиӣ барномаи махсус роҳандозӣ шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Исломобод сафар кард - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафт

Боронгариҳои тӯлониву обхезӣ, омадани селу ярч ва боридани барфи зиёду фаромадани тарма ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд расонида, дар ҷодаи таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ монеа эҷод менамоянд.

"Имрӯз, аз нигоҳи мо, вақти он расидааст, ки дар доираи фаъолияти созмон як барномаи мукаммали ҳамдастии кишварҳои аъзои он ба хотири паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва дастгирии ҳамдигар дар мавриди сар задани ҳолатҳои фавқулода тарҳрезӣ ва татбиқ гардад",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласа.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши шумораи аҳолӣ дар миқёси минтақа ёдоварӣ карда, истифодаи самараноки захираҳои обро самти дигари ҳамкорӣ дар доираи СҲИ гуфт.

Лентаи хабарҳо
0