Низомиёни рус ба минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон кӯмаки иҷтимоӣ расониданд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкЧархболи Ми-8МТВ, акс аз бойгонӣ
Чархболи Ми-8МТВ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиён бавоситаи чархболи Ми-8ТВ ба ноҳияи Ванҷ ва Сағирдашт орд, макарон, равған ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik.Низомиёни рус ва сарнишинон аз пойгоҳи низомии 201-ум ба минтақаҳои зарардидаи Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки иҷтимоӣ мерасонанд.

Қайд карда мешавад, ки хоҳиши расонидани кӯмаки иҷтимоӣ аз ҷониби Тоҷикистон расидааст.

Ҳамин тавр, низомиён ба ноҳияи Ванҷ ва Сағирдашт орд, равған, макарон ва дигар хӯрокворӣ интиқол доданд.

Мулоқоти Эмомлаӣ Раҳмон бо муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба кумаки минбаъдаи Русия умед дорад

Мувофофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, дар Тоҷикистон хатараи рехтани тарма то ҳол боқӣ мемонад. Аз санаи 28-уми январ то 25-уми феврал дар манотиқи гуногуни кишвар зиёда аз 100 тармаи калон рехта, 20 нафар зарар бардоштанд ва 4 нафари дигар бе ному нишон гум шуданд.

Сокинони маҳаллӣ қайд карданд, ки ин гуна ҳавои номусоид тайи 30 соли ахир бори аввал аст. Як қисми минтақаҳои Помир то ҳол ба нақлиёт дастрасӣ надоранд.

Пештар Русия барои осебдидагони ин офати табиӣ кӯмаки иҷтимоӣ равон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0