ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар рафти вохӯрӣ натиҷаҳои кори Комиссия ва масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дошт ва дорад.
Ба ҳайси самтҳои ояндадор соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иҷтисоди Тоҷикистон ном бурда шуданд.
Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ояндаи наздик омода сохтану ба имзо расонидани бастаи нави созишномаҳо, ки ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, таваҷҷӯҳи лозимӣ зоҳир карда шуд.
Президенти Тоҷикистон инчунин ба зарурати роҳҳои қобили қабули тарафайни ҳалли масъалаҳое, ки дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба вуҷуд омада, барои шаҳрвандон мушкилот эҷод мекунанд ва боиси доғдор шудани шарокати стратегии ҳарду давлат мегарданд, ишора намуданд.
Президенти Тоҷикистон аҳамияти робитаҳои фарҳангиву гуманитариро махсусан қайдкард.
Бо дарназардошти ҳавасмандии зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани маълумоти оливу миёна ба забони русӣ, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани квотаҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия аз рӯи касбу ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи рӯзи кишвари мо ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Дар баробари ин таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо кадрҳои педагогии рус, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ низ ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд.
Президенти Тоҷикистон ҷиҳати аз ҷониби Русия расонидани кумаку мусоидати амалӣ дар ҳалли масъалаҳои мазкур изҳори умед намуд.
Дар фароварди сӯҳбат, ки дар рӯҳияи созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи байниҳукуматӣ ба сифатнокии маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия таъсири мусбат хоҳанд расонид.