ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Гулгашт дар маркази шаҳри Маскав ҷойгир шуда, акнун ба унвони аввалин президенти Ӯзбакистон номгузорӣ мешавад, хабар медиҳад хабаргузори РИА Новости.
Гулгашт, дар наздикии бинои қунсулии Ӯзбакистон дар ноҳияи Якиманкаи шаҳри Маскав ҷойгир шудааст.
"Мувофиқи супоришҳои президенти Русия дар бораи абадзинда гардонидани номи Каримов, ба хотири Ислом Каримов — авалин президенти Ӯзбекистон гулгашт дар наздикии қунсулгароии Ӯзбекистон номгузорӣ карда мешавад. Ва супориш иҷро мегардад",- мегӯяд Сабяенин.
Пештар пешниҳоди номгузории гулгашти хотиравиро ба номи аввалин президенти Ҷумҳурии Ӯзбекитстон Комиссияи байниидоравии шаҳри Маскав оид ба номгузории ҳудудҳо бо роҳбарии муовини мэри Маскав Леонид Печатников тасдиқ намуд.
Бо пешниҳоди тағири ном ба унвони Ислом Каримов ба ҳукумати Маскав даҳҳо намояндагои илм, сиёсат ва фарҳангии Русияву Ӯзбакистон муроҷиат намуданд.
Аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи бемории инсулт вафот кардааст. Собиқ раисҷумҳур дар зодгоҳи хеш- шаҳри Самарқанд тариқи маросимҳои исломӣ ба хок супорида шудааст.