13 рӯзи истироҳат ба сокинони Тоҷикистон дар моҳи март

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкҶашнгирии Наврӯз, акс аз бойгонӣ
Ҷашнгирии Наврӯз, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи ҷорӣ сокинони Тоҷикистон вобаста ба Рӯзи модарон ва ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳатии зиёд доранд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Моҳи март сокинони Тоҷикистон дору дароз истироҳат хоҳанд кард.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Наврӯз-2017

Дар Тоҷикистон бахшида ба иди Рӯзи модарон ва Наврӯз 13 рӯзи истироҳат эълон карда шудааст. Мувофиқи қонун дарбораи иду истироҳат, агар рӯзҳои ид ба рӯзи истироҳатӣ рост ояд, пас аз он иловагӣ таътил дода мешавад.

Вобаста ба ин сокинони Тоҷикистон рӯзҳои зиёди истироҳатӣ мегиранд- 8-уми март вобаста ба ҷашнгирии иди модарон ва сипас 21,22,23,24,25 ва 26-уми март ба болои ин рӯзҳои истироҳатии маъмулӣ.

Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон мебошад, ки дар Қазоқистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон низ ҷашн гирифта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0