ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки Обид Назаров роҳбари бадеии намоиши бахшида ба Иди байналмиллали Наврӯз-2017 таъин шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин дастур додааст, то тамоми биноҳои пойтахт ба хотири иди Наврӯз ба таври идона оро дода шуда, ба майдони асосии ҷашн-Наврӯзгоҳ бештарин санъаткорон ҷалб карда шаванд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллӣ ташкил шуда, Рустами Эмомалӣ роҳбари он таъин гардид.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди Наврӯзи ҷаҳонӣ (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) гузаронида мешаванд.
Соли 2016 ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил кард ашуд.
Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Наврӯз, соли нави ақвоми эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.