ДУШАНБЕ, 2 мар- Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд.
Ҳамчунин дар мулоқот масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар Афғонистон баррасӣ шуд.