ДУШАНБЕ, 1 мар- Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон масоили гуногуни ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард.
Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо ҷиҳати гузаронидани Шӯрои ҳамкории ҶТ ва Туркия, рӯзҳои фарҳангии ду давлат дар кишварҳои ҳамдигар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, хусусан афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии Туркия барои шаҳрвандони ҶТ ва роҳандозии робитаи пайвастаи аҳли илму эҷод ба мувофиқа расиданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушди муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳои нави беҳтарсозии гардиши савдои берунии байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Ҳарду ҷониб барои таҳкими муштаракоти дуҷонибаю минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва мусоидат ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамфикрии хешро таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган аз gрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Туркия биёяд.
Даъват бо камоли майл пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки вақту муҳлати барои ҳарду ҷониб мувофиқи ин сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян карда хоҳад шуд.