Дуздони “Лаъли асил” дар Кӯлоб ба даст афтоданд

© Sputnik / Владимир Минкевич / Гузариш ба медиабонкСангҳои қимматбаҳо. Акс аз бойгонӣ
Сангҳои қимматбаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду нафар мардони 42 ва 47-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ сокинони шаҳри Кӯлобро бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.

Аз гумонбаршудагон ҳангоми ба фурӯш баровардан 42 адад сангҳои қимматбаҳо, ки вазни умумиашон 30,19 граммро ташкил дод, дарёфт ва мусодироа гардид.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти дузд ва фурӯшандаҳои маводи тарфгарӣ дар Хуҷанду Кӯлоб

Мувофиқи ташхиси иёргарӣ аз гумонбаршудагон 34 адад "Зумрад" вазнаш 8,66 грамм, 7 адад "Лаъли асил" вазнаш 16,25 грамм ва як адад "Ёқути сурх" вазнаш 4,35 грамм, дарёфт гардид.

Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон сангҳои қимматбаҳоро аз марди 52-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо мақсади ба фурӯш баровардан гирифтаанд.

Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷинояӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0