Атласпӯшии хонандагон буҷаи оилаҳои тоҷикро хароб кардааст

© SputnikСокинони Душанбе
Сокинони Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор намудаст, ки мувофиқи он ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии ҷумҳурӣ бояд аз 1-уми март то ҷашни Наврӯз бо либоси атлас ҳозир шаванд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik, Сергей  Кузнецов. Субҳи 2-уми март дар оилаи Назаровҳо бо ҷанҷол  сар шуд. Духтари калонии оила аз волидон талаб дорад, ки ба вай куртаи нави атлас харанд. Дар ҷавоб падари хонадон мегӯяд, ки буҷҷаи хонавода ба атлас намерасад. Духтар норозиёна танҳо як ибораро такрор мекунад: "Имрӯз муаллимаамон маро мекушад".

— Мо бо модараш аллакай соли гузашта фаҳмидем, ки куртаи миллӣ  танҳо сарфи беҳудаи маблағ асту халос.  Соли гузашта дар ҷашни Навруз мо ба духтарамон куртаи чакан харида будем. Курта бароямон хело гарон афтод- 200 сомонӣ.  Ба хоритири аз қатори ҷамъият намондан ман ба нархи гарон нигоҳ накарда либоси миллӣ харидам. Аммо ин дафъа ман бояд буҷаи оилавиамро ба назар гириам- чун ба сифати барқчӣ кор мекунаму маблағи зиёдатӣ надорам,- мегӯяд норозиёна Рустам Назаров.

Духтари Назаров дар яке аз мактабҳои марказии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.  Дар мактаби вай имрӯз дар ҷамъомади пагоҳи аллакай нисфи духтарони мактаб бо либоси атлас ҳозир шуданд. Ин фармон ба писарон дахл надошта бошад ҳам, баъзе муаллимон аллакай ба онҳо ҳам либос фикр карда баромаданд.

— Ба фикри ман қиқимҳои аз либоси духтарон мондаро ҷамъ карда, ба шакли гул дар синаҳои писарон часпонинида мешавад. Ин тавр ҳам зебо мешавад. Инчунин метавон аз писарон даъват намуд, ки бо тоқӣ ба мактаб ҳозир шаванд,- мегӯяд муаллима Зарина Ҷобирова.

Атласпӯшии мактаббачагон хело зебо аст. Агар гарон намеафтод боз ҳам  хуб мешуд, илова намуд вай.

— Фармон фармон аст. Атласпӯшӣ маҷбурӣ набошад ҳам, мо онро иҷро накарда наметавонем. Дина ман худам аз кор як соат ҷавоб гирифта ба бозори Корвон рафтам, нархҳо хело гаронанд. Як куртаи оддӣ ба 250 сомонӣ меафтад ба ман,-  шикоят мекунад муаллима.

Духтари тоҷик бо либоси миллӣ аз атлас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бори аввал нест: омӯзгорон ва хонандагони тоҷикро атлас мепӯшонанд

— Ба гуфтаи вай, Чин чун ҳамашагӣ пешсаф аст. Тамоми бозор алакай пур аз газвори пастсифати атласи чинӣ шудааст. Зарина ҳамин тавр, ба маблағи 150 сомнӣ куртаи атласи чинӣ харидааст. Ба ин маблағ метавон як оилаи иборат аз 5 нафарро тӯли як моҳ бо нон таъмин намуд ва 40 кг орд харид.

Фармон неву тавсия                                                   

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ тоҷикон ин тавсияҳои Вазорати маорифро фаъолона баҳс мекунанд. Яке аз Вазорати тандурустии кишвар норозигӣ мекунад, ки аз оқибатҳои атласпӯшии духтарон дар ҳавои сард чизе намегӯяд, дигаре изҳор медорад, ки барои чӣ танҳо занон бояд ватандӯстии худро нишон диҳанд.

Вазорат бошад дар ҷавоб ба ин баҳсои доманадор изҳор медорад, ки иҷрои ин тасия ҳатмӣ нест.

— Иҷрои ин фармон ҳатмӣ нест. Ҳеҷ кас маҷбур нест, ки охирон маблағашро сарф намуда, бо куртаи атлас ба мактаб ояд. Бигзор ба мактаб танҳо ҳамон нафароне оянд, ки шароиташон мебардорад ё аллакай куртаи атлас доранд. Ин тавсия ба мардон умуман дахл надорад.

— Дар вазорати маориф ҳамчунин қайд намуданд, ки ин тавсия танҳо ба хотирӣ баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон роҳандозӣ мешавад.

Либос нишонаи ватандӯстӣ нест

Ватандӯстӣ ва ифтихор, ба гуфтаи корманди ҷамъиятӣ Марям Давлатова маҷбурӣ нест ва наметавонад аз пӯшидани либос вобаста бошад.

— Ифтихор ва ватандорӣ бояд аз хурдӣ тарбия карда шавад, ки вақти зиёдро талаб мекунад. Бо дигар методҳо норозогии мардумро зиёдмекунад,- мегӯяд Давлатова.

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкДевушки в национальной таджикской одежде, архивное фото
Девушки в национальной таджикской одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Девушки в национальной таджикской одежде, архивное фото

 

Лентаи хабарҳо
0