ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия номаи табрикотӣ равон кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Дар барқияи табрикотӣ аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Президент,
Ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозам ба Шумо табрикоти худро изҳор намоям.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ҳарду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард.
Дар ин масир бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дусту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ саломативу хушбахтӣ орзу намуда, таманниёти беҳтаринамро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам".