ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.Дар Маскав вохӯрии коршиносон оид ба баррасии лоиҳаи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ташкили фаъолияти меҳнати муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди ФР баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистонро раиси намояндагии Вазрорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Зоҳир Мирзозода ва ҷониби Русияро роҳбари Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ВКД Русия Елена Прошина намояндагӣ намуд.
Дар ин нишаст тарафҳо дар бораи лоиҳаи созишномаи мазкур гуфтушунид намуданд.
Зоҳир Мирзозода қайд намуд, ки амалӣ гаштани лоиҳа на танҳо раванди муҳоҷиратро идора мекунад, балки барои беҳтар гаштани шароити кор мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷониби худ коршиносони Русия ба масъалаҳои омодагии тахассусӣ, донистани забони русӣ ва қонунҳои асосии дохилии Русия аз ҷониби муҳоҷирон аҳамияти махсус доданд.
Дар хотима ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки лоиҳаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои ҷонибҳо бори дигар дида мебароянд.