Маркази муҳоҷиратӣ дар Сахарова ба додани сертификати забони русӣ оғоз кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМаркази бисёрфунксионалии муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират аз моҳи январи соли 2017 ба додани сертификати забони русӣ барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар маркази муҳоҷирати бисёрфунксионалӣ, ки дар Сахарова ҷойгир аст, ба додани сертификати донистани забони русӣ оғоз мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти марказ.

Сертификати забони русӣ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарин  барои гирифтани иҷозати зисти муваққатӣ дар Русия мебошад.

Иҷозатномаи зисти муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

Ҳуҷҷат баъди супоридани имтиҳон аз фанни забони русӣ, таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи Федератсияи Русия дода мешавад. Ба қавли директори генералии марказ Николай Федосеев чунин навгонӣ имконият медиҳад, то шаҳрвандони хориҷӣ вақти зиёд сарф накарда ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро дар як ҷой ба даст оранд.

"Онҳо метавонанд дар марказ имтиҳон супурда, дар ҳамин ҷо ҳуҷҷатҳояшонро барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ супоранд",-гуфт Николай Федосеев.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2016 дар маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират, дар  Сахарова амалиётҳои нав: бақайдгирӣ барои иҷозатномаи зисти муваққатӣ, гирифтани иҷозатномаи зист ва гирифтани шаҳрвандии Русия гузаронида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0