ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶТ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низоми электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид ҷорӣ гардид.
Ин низом ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати коҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд.
Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои лозима даъват хоҳад шуд.
Ҳамин тавр Тоҷикистон ба 78 кишвари дунё ба таври содда гирифтани раводидро пешниҳод менамояд. Ба ин шумул Австралия, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Ҷумҳурии Маҷористон, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Мисри Араб ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Бояд қайд кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт.
Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.
Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, ба маълумот мерасонем, ки низоми электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми "Раводиди электронӣ"-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад.
"Раводиди электронӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида — www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 руз амал мекунад, лекин дорандаи он метавонад дар каламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад.
"Раводиди электронӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои форс-мажорӣ.