Гирифтани раводид осон мешавад: низоми нави судури раводид дар Тоҷикистон

© SputnikТорномаи нави электронӣ барои гиирфтани раводид. Акс аз бойгонӣ
Торномаи нави электронӣ барои гиирфтани раводид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои гирифтани раводид ва тамдиди он шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон низоми гирифтани раводид ва тамдиди он барои шаҳрвандони хориҷӣ содда гардонида мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои  хориҷии ҶТ.

Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Убайдуллоев: сомонаҳои интернетиро ҳамешагӣ фаъол намоед

Аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ба роҳ монда мешавад.

"Низоми нав ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад",-омадааст дар иттилоия.

Минбаъд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати коҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд.

Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои лозима даъват хоҳад шуд.

Тоҷикистону Ӯзбакистон дар масоили раводид гуфтугӯро шуруъ карданд

Қайд мегардад, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj ба роҳ монад мешавад.

Ҳамчунин манбаъ бо мақсади сар назадани нофаҳмӣ хабар медиҳад, ки низоми нави электронӣ ба низоми "Раводиди электронӣ"-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад. Чун "Раводиди электронӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида — www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 руз амал мекунад, лекин дорандаи он метавонад дар каламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. "Раводиди электронӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои форс-мажорӣ.

Лентаи хабарҳо
0