ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Русияро шарики муҳимтарини стратегӣ хонда, хостори рушди бештари ҳамкориҳо бо ин кишвар шуд.
"Ҳамчун кафили иҷрои созишномаи сулҳ Русия дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоят дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими истиқлолияти миллии он саҳми назаррас гузошт",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Мева, газ, энергетика…
Барои такмили робитаҳои иқтисодии мо вусъат додани ҳудуди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия ва таҳкими робитаҳои дар ин соҳа мавҷуд аҳамияти бузург дорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин омодагиро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бо шумули нафту газ тасдиқ намуданд.
Омодагӣ ба кори муштарак дар афзудани истеҳсолот ва интиқоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Русия таъкид гардид.
Мо доир ба нақши калидии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ҳалли мушкилоте, ки имрӯз дар назди мо ҳастанд, фикри ҳамсон доштем.
Муҳоҷират
Масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Русия дастгирӣ меёбанд.
Дар навбати худ Владимир Путин созишномаи миёни вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистону Русияро мисол оварда, гуфт, ки барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия шароити мусоид фароҳам хоҳад шуд.
Забони русӣ дар Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия
Мо тасмим гирифтем, ки дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маориф, як зумра тадбирҳои судманд андешем.
Дар ин замина, муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани таваҷҷуҳи рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии таҳсилот ба забони русӣ таъкид гардид.
Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон филиалҳои 3 муассисаи олии Русия фаъолият мекунанд ва дар муассисаҳои олии Русия бошад қариб 20 ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Русия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд.
"Мо аз ҳукумати Федератсияи Русия дар мавриди қарор оид ба зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар ин соли хониш сипосгузорем",-гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар баробари таҳсили ҷавонони тоҷик дар Русия, бунёди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии нави таҳсил ба забони русӣ дар Тоҷикистон ва инчунин таъмини муассисаҳои таҳсилотӣ бо омӯзгорони забони русӣ, китоб ва ашёҳои хониш масоили мубрам боқӣ мемонанд.
Амният дар сарҳад ва мубориза бо терроризм
Ҳангоми баррасии масоили байналмилалӣ ба ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккили фаромиллӣ диққати махсус зоҳир карда шуд.
Мо ҳамгироии судманд ва самарабахши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро қайд намуда, оид ба ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои худ дар ин самт ба мувофиқа расидем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки беш аз 60 дарсади сарҳади берунаи ИДМ бо Афғонистон ба Тоҷикистон рост меояд.
Кишвари мо дар ин росто дар ҷилавгоҳ қарор дорад ва ин ба дӯши мо дар кори вокуниши муносиб ва пешгирии ҳамагуна таҳдидҳову чолишҳое, ки ба вуқуъ мепайванданд, масъулияти бузургеро вогузор мекунад.
Дар ин росто, мо ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба барқарор намудани сулҳ ва субот дар ин кишвари ҳамсоя фикри ҳамсон доштем.
Талошҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, пеш аз ҳама бо роҳи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таҳкими имконияти мудофиавии кишвари мо ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карда шуданд.
Изҳори сипос
Дар фарҷом раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович барои сарфароз гардонидан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Русия — Ордени Александр Невский миннатдорӣ изҳор намуд.
"Ин мукофотро ман, пеш аз хама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Русияи бародар арзёбӣ мекунам",-қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.