Мулоқоти Раҳимзода бо Колоколтсев: аз мубориза бо терроризм то истирдод

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ВКД ҶТМулоқоти Колоколтсев бо Рамазон Раҳимзода
Мулоқоти Колоколтсев бо Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода Ҳамро ҳамтои руси худро дар фурӯдгоҳ истиқбол гирифта,бо ӯ молоқот кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қабл аз омадани президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии ин кишвар Колоколтсев Владимир Александрович ҳозир шуд.

Дар фурӯдгоҳ вазири корҳои дохилии Русияро Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилии ҶТ пешвоз гирифт.

© Фото : МВД ТаджикистанаГлава МВД России Владимир Колокольцев прилетел в Душанбе
Глава МВД России Владимир Колокольцев прилетел в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Глава МВД России Владимир Колокольцев прилетел в Душанбе

 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо аз дидори ҳам изҳори хушнудӣ карда, ба  ҳамкорӣ дар самти истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду мақомот рӯз аз рӯз сатҳу сифати тоза касб карда, дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.

© Фото : МВД ТаджикистанаВазирони вазоратҳои корҳои дохилии ФР ва ҶТ
Главы МВД России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Вазирони вазоратҳои корҳои дохилии ФР ва ҶТ

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Колоколтсев Владимир Александрович қайд кард, ки ҳамаи саъю талош ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот равона гардидааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Русия ибрози андеша намуданд.

Донишҷӯёни тоҷик Донишгоҳи ВКД-и Маскавро хатм намуданд

Зикр гардид, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёди шунавандагон дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифта, дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин карда мешаванд.

Хатмкунандагони ин муассисаи олии ҳуқуқӣ ҳамаи донишу малакаи худро дар амал татбиқ намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳм мегузоранд.

Дар интиҳои чорабинӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор сурат гирифта, тарафайн омодагии худро дар муборизаи муштарак бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ изҳор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0