Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро аз Тоҷикистон гусел намуд

© Flickr \ Сайт президента РТПрезидент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди мулоқоти судманд ва самимӣ субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои русаш-Владимир Путинро шахсан гусел намуд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, сарони ҳар ду кишвар имрӯз сӯҳбати худро марбут ба санадҳои нави ба имзо расида идома доданд.

Дар сӯҳбати самимӣ сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои тадбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Бо ҳамин сафари расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти Раҳмон: аз нақши Русия дар барқарорсозии сулҳ то муҳоҷират ва вазъи сарҳадӣ

Ёдовар менамоем, ки сафари расмии президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат дар таърихи 27-28 феврали соли 2017 ҷараён гирифт, бо натиҷаҳои пурарзиш барои ҳар ду ҷониб ба охир расид.

Дар доираи ин сафар дидору вохӯрии хосаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин ва мулоқоту музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ баргузор шуда 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои алоқа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, сайёҳӣ ва тарбияи ҷисмонӣ такони тоза бахшида, ба тақвияти бештари ҳамкории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русияро дар соли 2017 мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0