Барои чӣ Путин ба Узбакистон нарафт: шарҳи коршинос

© © Foto: СодружествоДиректори генералии маркази таҳлӣ оид ба масъалаҳои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ Сергей Рекеда
Директори генералии маркази таҳлӣ оид ба масъалаҳои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ Сергей Рекеда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба се кишвари Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Коршиносон кӯшиш доранд, сабаби ба Узбакистон нарафтани Путинро муайян намоянд.

Директори генералии  маркази таҳлилӣ оид ба масъалаҳои сиёсии давлатҳои пасошӯравӣ Сергей Рекеда, дар сӯҳбат бо Sputnik Узбакистон гуфт, ки Путин аллакай дар Узбакистон буд.

Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро аз Тоҷикистон гусел намуд

"Президенти Русия баъди марги аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов, бо изҳори ҳурмат ва бо нияти аз наздик шинос шудан бо Шавкат Мирзиёев ба Узбакистон сафар карда буд".

Дар ҳоли ҳозир сафари Путин ба Узбакистон то боздиди раисҷумҳури Узбакистон аз Маскав, ба таъхир гузошта шудааст.

"Дар нақша ҳаст, вале баъдтар"-гуфт коршинос.

Ба қавли сиёсатшинос ин масъала хусусияти сиёсӣ-равонӣ дорад. Владимир Путин дар ҳоли ҳозир сафар ба Узбакистонро зарур намешуморад.

Лентаи хабарҳо
0