ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маркази миллии тестии назди президенти ҶТ аз оғози сабти номи довталабон барои соли таҳсили 2017-2018 эълон кард.
Бақайдгирии довталабон аз 1-марти соли равон то 15-уми апрели ҳамин сол идома мекунад.
Бино ба иттилои маркази миллии тестӣ дар 29-шаҳрҳои кишвар 33 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шудааст.
Дар соли равон донишҷӯён ба 34 донишгоҳи олӣ ва 47 коллеҷ метавонанд дохил шаванд.
Маркази миллии тестӣ ҳушдор медиҳад, ки "ҳангоми бақайдгирӣ касби интихобнамуда, шакли дарсомӯзӣ, забон, макони имтиҳонсупорӣ ва суроғаи гирифтани даъватнома бодиққат бошанд".
Тибқи иттилои ММТ имсол дохилшавии зиёда аз 100 ҳазор толибилм ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар назар аст. Соли гузашта 85 ҳазор донишомӯз аз қайди маркази миллии тестӣ гузашта, танҳо 78 ҳазор нафар дар имтиҳонот иштирок карданд.
Аз ин шумор 50 ҳазору 687 нафар унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд.