ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Талабот ба гирифтани маълумоти олӣ дар Русия ҳамоно афзоиш аст, менависад РИА новости аз суханони сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.
Дар Тоҷикистон озмуни интихобӣ барои дарёфти квота баҳри таҳсил дар макотиби олии Русия барои солҳои 2017-2018 оғоз шуд. Қайд мешавад, ки дар бастагӣ бо талаботи зиёд имсол шумораи квотаҳо барои Тоҷикистон то 600 ҷой зиёд карда шуд.
Ба гуфти сафир дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия зиёда аз 8 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсили илм менамоянд.
Сафир ҳамчунин гуфт, ки дар айни замон дар донишгоҳҳои қаламрави Русия зиёда аз 20 ҳазор тоҷик таҳсил карда, ҳамасола наздики 4 ҳазор донишҷӯ ба Русия меоянд.
"Мехоҳам таҷрибаи хуби донишгоҳҳои гуногуни Русияро, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ярмаркаи байналмиллӣ доир менамоянд, қайд кунам",-илова кард Лякин-Фролов.
Ба қавли ӯ ҳукумати Тоҷикистон ва Русия бояд сари ифтитҳои филиали Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд муҳокима кунанд.
Коршиносон борҳо қайд карданд, ки беҳтарин донишомӯзони тоҷик таҳсил дар хориҷи кишварро афзалиятнок мешуморанд. Вазъияти монанд нисбати таҳсили динӣ низ мушоҳида мешавад. Шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон соли гузашта нисбат ба соли пешин 2 маротиба кам шуд.
Нафароне, ки хоҳиши таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро доранд, метавонанд тариқи сайти Россотрудничество бо суроғаи зерин http://russia.study/ аризаи худро равон намоянд.