ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар майдони сурхи Маскав маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Донишгоҳи ВКД-и Маскави ба номи В.Я. Кикотя баргузор гардид.
Дар умум имсол донишгоҳро 440 нафар хатм намуданд. Аз онҳо 6 нафарашон мактаби олиро бо медали тилло хатм намуда, 70 донишҷӯи дигар соҳиби дипломҳои аъло гардиданд.
Хусусияти фарқкунандаи маросими дипломсупории имсола дар он буд, ки дар баробари донишҷӯёни рус бори аввал дар таърихи донишгоҳ, донишомӯзони хориҷӣ низ соҳиби дипломҳои тахассусии ин донишгоҳ гардиданд.
Донишгоҳи ВКД-и маскавро аз ҷумла намояндагони Озарбойҷон, Белорус, Ветнам, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон хатм карданд.
Вазири Вазорати корҳои дохилии ФР Колоколтсев дар маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагон иброз дошт, ки ба таври қатъӣ аз қонун пайравӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи касбии худ ҳамеша талош кунанд.