Эмомалӣ Раҳмон аз рух додани ҷиноятҳо дар Қувваҳои мусаллаҳ нигарон аст

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаПрезиденти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии "Пойтахт"
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии Пойтахт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти суханронӣ президент қувваҳои сарҳадиро ҷузъи муҳими артиши миллии Тоҷикистон хонда, аз дастовард ва камбудиҳои ин сохтор ёдовар шуд

ДУШАНБЕ,22фев-Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ҳангоми боздид аз Маркази таълимии "Пойтахт" бо иштироки низомиёни кишвар суханронӣ намуд.

Ҳамин тавр, дар маҷлис генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозон иштирок доштанд.

Сараввал президент иштирокдорони маҷлисиро бо ҷашни Артиши миллӣ муборакбод намуд ва қайд намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ маҳз дар даврони истиқлолият таъсис ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки сохтори ҳифзи сарҳадии Тоҷикистон низ баробари артиши миллӣ соли 1994 ташкил шудааст.

Президент таъкид дошт, ки бо дар назардошти вазъи ноороми минтақа зарур аст, сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва  таъмини  амният тақвият бахшанд.

"Аз ин лиҳоз, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадоранд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намояд",- қайд намуд вай.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати кишвар низимиёни ҷумҳуриро дастгирӣ намуда, бо рутбаҳои ҳарбӣ ва манзили зист созовор донистааст.

"Танҳо дар зарфи солҳои охир ҳазорон оилаи хизматчиёни ҳарбии сохтору мақомоти гуногуни ҳарбӣ бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд",- қайд кард президент.

Сел ва обхезӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: то тирамоҳ ба зарадидагон манзили зист бунёд мегардад

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ бори дигар аз  таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ёдовар шуд "барои ҳамин низомиёни кишвара бояд доим ба ҳимояи кишвар омода бошанд" изҳор дошт Раҳмон.

Яке аз нуқтаҳои дигари қайднамудаи президент ин сатҳу сифти машғулиятҳои омӯзишии низомиён мебошад. Зикр гардид, ки талабот бояд аз афсарону сарбозон пурзӯр карда шавад.

Раисҷумҳур махсус қайд намуд, ки дар байни наваскарон ва аскарон бояд машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ гузаронида шуда, ахлоқ ва маънавияти онҳо беҳтар карда шавад.

"Риояи қатъии интизом ва тартиботи ҳуқуқӣ бо дарназардошти «Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ» эътибори ҷиддӣ дода шавад",- изҳор дошт президент ва илова намуд, ки чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ байни низомиён бештар газаронида шавад.

"Зеро дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар Қӯшунҳои сарҳадӣ дар самти корҳои тарбиявию маърифатӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи бечунучарои ойинномаҳои ҳарбӣ ва дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунҳои амалкунанда баъзе камбудиву мушкилот вуҷуд доранд",- қайд кард президент.

Омодагӣ ба гашти низомӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии низомиёни кишвар барои ҷашнгирии истиқлолияти Тоҷикистон

Президент гуфт, "ман дар ҷаласаи Шӯрои амният камбудиву норасоиҳои дар фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдоштаро таъкид кардам ва ҳоло бори дигар хотирнишон месозам, ки ба хотири таҳкими амнияти мудофиавӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои дар назди сохторҳои низомӣ гузошташуда камбудиву мушкилоти мавҷуда ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд".

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи низомиёни кишвар иҷрои  талаб намуд, ки барои иҷрои дастурҳои дода шударо талаб кард.

Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо риояи интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбият ёфта, дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории давлат мебошад, ҷамъбаст намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0